- соз
- I[ساز]1. асоси замони ҳозира аз сохтан; асбоб, анҷом; об ҷиҳоз, сомон созу барг асбобу анҷом, лавозимот, созу барги ҷанг аслиҳа ва лавозимоти ҷанг2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои кунанда, созанда: соатсоз, роҳсозII[ساز]мус1. номи умумии асбобҳои торӣ (танбӯр, дутор ва ғ.)2. умуман асбоби мусиқӣ3. оҳанг, наво; созу овоз, созу суруд навохтан ва сурудан; ба сози касе рақсидан маҷ. ба гуфтаи касе кӯркӯрона тобеъ шуда коре кардан, беирода буданIII[ساز]1. тайёр, омода2. муносиб, мувофиқ, хуб; соз будан мувофиқ будан, мусоид будан; соз кардан (намудан) а) тайёр кардан, омода намудан; б) ба тартиб даровардан, мувофиқ гардонидан (чизеро бо чизе); ҷӯр кардан; в) кореро чусту чолок ва нағз ба ҷо овардан; г) боб кардан; кореро хеле моҳирона ба ҷо овардан; д) подоши кори бади касеро додан, адаби касеро додан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.